Дар Душанбе бо муовини директори идоракунандаи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Ли мулоқот доир гардид

Июль 4, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рушди иқтисоди «сабз» дар муколамае, ки дар шаҳри Душанбе бо иштирокдорони Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ бо  муовини директори идоракунандаи Хазинаи Байналмилалии асъор Бо Ли доир гардид, баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муовини директори идоракунандаи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Ли дар робита ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба вазъи иқтисодиву молии мамлакатҳои минтақа, роҳҳои кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, хатари обшавии пиряхҳо, таҳкими механизмҳои ташаккули иқтисоди «сабз»  ва ҷалби технологияҳои муосир ба бахшҳои гуногун сухан намуд.

Инчунин раиси Бонки миллӣ  Фирдавс Толибзода доир ба кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иштироки ҷумҳурӣ дар бозорҳои ҷаҳонии сармоягузории «сабз», рушди нақлиёти «сабз» ва инфрасохтори он, такмили қонунгузорӣ оид ба истифодаи васеи иқтисоди «сабз» ва «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037 маълумот дод».

Иштирокдорони чорабинӣ вобаста ба роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои иқтисоди «сабз», механизми ҷалби «маблағгузории сабз», истифодаи таҷрибаи давлатҳои мутаррақии ҷаҳон, назири  Чин, Амрико, Аврупо  ва дигар мамлакатҳои пешрафта дар ин масъала, инчунин дурнамои Хазинаи байналмилалии асъор  ва Бонки ҷаҳонӣ доир ба тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он табодули назар намуда, ба саволҳои худ аз муовини директори идоракунандаи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Ли посух гирифтанд.

     АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 4, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст