Дар Душанбе Лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон оид ба сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон баррасӣ гардид

Июль 8, 2024 15:51

ДУШАНБЕ,08.07.2024/АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи энергетика дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Осиёи Марказӣ Айтен Рустамова дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба лоиҳаҳои «CASA-1000», «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб», навсозии зеристгоҳи барқии «Суғд-500» ва омӯзиши бозори энергетикии Тоҷикистон дар мавриди ҷалби сармоя барои рушди соҳаи электроэнергетика табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон ба маблағгузории лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон оид ба сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Гуфта шуд, ки дар оянда ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, гидроэнергетика ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, тавсеа меёбанд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 8, 2024 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд