Дар Душанбе парки техникии Тоҷикистону Туркия таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 09.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе Парки техникии Тоҷикистону Туркия таъсис дода мешавад. Дар ин хусус 8 июл зимни вохӯрии Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар баён гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои навсозӣ, таъмиру тармим, таҳкими пояи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла бо лавозимоти озмоишгоҳӣ, асбобу анҷом, техникаву технологияи зарурӣ, асбоби аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои таълимӣ, дастурамалҳои корӣ ва тавсиявӣ баррасӣ гардид.
Зимни мулоқот Фарҳод Раҳимӣ ба Сафир Умут Аҷар ва ҳамоҳангсози Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсози байналмилалии Туркия (ТИКА) дар Тоҷикистон Иброҳим Унал барои дастгириҳои пайваста миннатдорӣ намуда, пешниҳод кард, дар доираи имкониятҳои ташкилот дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои таъсис додани Парки техникии Тоҷикистону Туркия ҷиҳати бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои амалӣ мусоидат намоянд.
Умут Аҷар ва Иброҳим Унал ҷиҳати таъсис додани Парки техникии Тоҷикистону Туркия иброз намуданд, ки дар ояндаи наздик лоиҳаи он омода гардида, дар мувофиқа бо ҷонибҳо ба нақша гирифта мешавад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»






