Дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматнок баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо иштироки мушовири байналмилалии Бонки Осиёии рушд Георгий Лалиашвилӣ, инчунин роҳбарони ташкилотҳои бонкӣ ва суғуртавӣ чорабинӣ ҷиҳати муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар чорабинӣ масъалаҳои гуногуни марбут ба интишор ва муомилоти коғазҳои қиматноки давлатӣ, инчунин беҳтар намудани шароити хариду хизматрасонии онҳо дар бозорҳои молиявӣ баррасӣ гардиданд.
Юсуф Маҷидӣ вобаста ба барориши қаблии коғазҳои қиматноки давлатӣ маълумот пешниҳод намуда, аҳамияти ҳамкории фаъолонаро бо бонкҳо ва ташкилотҳои суғуртавӣ бо мақсади дастгирии суботи бозори молиявӣ ва таъмини фаъолияти самараноки низоми молияи давлатӣ таъкид намуд.
Аз ҷониби мушовири байналмилалии Бонки Осиёии рушд рӯнамо дар мавзуи самаранокии сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматноки Вазорати молия ва инчунин тавсияҳои Бонки Осиёии рушд вобаста ба ҳавасмандгардонии минбаъдаи бозор ва афзоиши шумораи иштирокчиёну сармоягузорон пешниҳод гардид.
Дар интиҳо иштирокчиён оид ба мушкилоти ҷорӣ ва имкониятҳо барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






