Дар Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 12.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корпоратсияи чинии Датанг («China Datang») нақша дорад, ки дар вилояти Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобиро, ки энергияи тоза истеҳсол мекунанд, таъсис диҳад. Дар ин хусус 11 июл зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо директори генералии корпоратсияи чинии Датанг («China Datang») дар Осиёи Марказӣ Ван Хао доир шуд, баён гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, Давлаталӣ Саид аз пешниҳоди таъсиси корхона ҷонибдорӣ намуда, иброз намуд, ки пас аз боздид аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар минтақаҳо барои ҳалли ин кор мусоидат хоҳем кард.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷии вилояти Хатлон дониста мешавад.
Гуфта шуд, ки корпоратсияи чини Датанг («China Datang») дар Осиёи Марказӣ соли 2002 таъсис ёфтааст, ҳоло ба яке аз бузургтарин таъминкунандагони неруи барқ дар Чин табдил ёфтааст. Корпоратсияи мазкур дар 31 музофоти Чин ва беш аз 10 мамлакат ва минтақаҳои саросари ҷаҳон, аз ҷумла Мянма, Камбоҷа, Лаос, Индонезия, Узбекистон ва Сингапур фаъолият мекунад.
АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






