Дар Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ сохта мешавад

Июль 12, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 12.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корпоратсияи чинии Датанг («China Datang») нақша дорад, ки дар вилояти Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобиро, ки энергияи тоза истеҳсол мекунанд, таъсис диҳад. Дар ин хусус 11 июл зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо директори генералии корпоратсияи чинии Датанг («China Datang») дар Осиёи Марказӣ Ван Хао доир шуд, баён гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, Давлаталӣ Саид аз пешниҳоди таъсиси корхона ҷонибдорӣ намуда, иброз намуд, ки пас аз боздид аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар минтақаҳо барои ҳалли ин кор мусоидат хоҳем кард.

Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки  тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷии вилояти Хатлон дониста мешавад.

Гуфта шуд, ки  корпоратсияи чини Датанг («China Datang») дар Осиёи Марказӣ соли 2002 таъсис ёфтааст, ҳоло ба яке аз бузургтарин таъминкунандагони неруи барқ дар Чин табдил ёфтааст. Корпоратсияи мазкур дар 31 музофоти Чин ва беш аз 10 мамлакат ва минтақаҳои саросари ҷаҳон, аз ҷумла Мянма, Камбоҷа, Лаос, Индонезия, Узбекистон ва Сингапур фаъолият мекунад.

АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Июль 12, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд
Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?