Дар Хоруғ Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди тӯби дастӣ байни наврасон баргузор гардид

Июль 6, 2024 16:39

ХОРУҒ, 06.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди тӯби дастӣ (ҳендбол) байни наврасон баргузор гардид, ки  дар он дастаҳои «Душанбе-1», «ВМКБ-1», «ВМКБ-2», «Хатлон-1», «Хатлон-2» ва  «ШНТҶ» иштирок  намуданд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, мусобиқа се рӯз идома ёфта, бо пирӯзии дастаи «Душанбе-1» ба поён расид.

Мақоми дуюмро дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва зинаи сеюмро дастаи Хатлон соҳиб шуданд.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Солеҳҷон Амирҷонзода аз рафати бозӣ ва натиҷаи он изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки «ҳамаи дастаҳо ба мусобиқаи имсола бо омодагии комил ҳозир шуданд. Ҷараёни бозиҳо нишон дод, ки суръати ҳаракат, ҳамалаҳои ногаҳонӣ, чолокона идора кардани тӯб, вокуниши саривақт дар баробари бозингарони дастаи муқобил ба дастаи «Душанбе1» имконият дод, ки аз рӯзи аввал  рақибони худро пай дар пай пушти сар гузошта, дар бозии ниҳоӣ низ дастаи «ВМКБ -1»- ро шикаст дода, дар сархати ҷадвали ин мусобиқа қарор бигирад. Гарчӣ ду сол пеш дар чунин мусобиқа, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, дастаи ВМКБ ҷои аввал гирифта буд, аммо имсол ноком шуд. Ин даста бояд аз рӯи  иштибоҳоте, ки дар чемпионати имсола роҳ дод, натиҷагирӣ кунад ва ба мусобиқаи оянда бо омодагии комилтар ҳозир шавад».

« 13 июли соли равон Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ баъди навсозӣ,  дуввумбора дарвозаҳои худро барои дӯстдорони бозии футбол боз мекунад. Дар ин рӯз бозии дӯстона байни дастаҳои Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегардад»,-иттилоъ дод Солеҳҷон Амирҷонзода .

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 6, 2024 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа