Дар Хуҷанд лоиҳаҳои иншооти дар соҳили Сирдарё бунёдшаванда муаррифӣ гардиданд

Июль 18, 2024 08:39

ДУШАНБЕ, 18.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл дар шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии лоиҳаҳои иншооти дар соҳили Сирдарё бунёдшаванда доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Зимни муаррифии лоиҳаҳо таъкид шуд, ки бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ мутахассисону муҳандисон ба Аморати Муттаҳидаи Араб ва Давлати Қатар сафар карда, таҷрибаи бунёди иншооти замонавӣ дар соҳилро омӯхтанд.

Тибқи супоришҳои Пешвои миллат дар соҳили Сирдарё бунёди инфрасохори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаву тарабхонаҳои брендӣ ба нақша гирифта шуда, барои истироҳату фароғати сокинон дар соҳил роҳҳои пиёдагард сохта хоҳад шуд.

Дар шафати соҳил бунёди биноҳои баландошёнаи гуногун дар назар дошта шудааст, ки метавонад шаҳри Хуҷандро ҳамчун маркази сайёҳиву истироҳатӣ дар минтақа муаррифӣ намояд.

Барои иҷрои корҳо аз ҷониби ширкатҳои ватании «Шаҳрофар», «Саноатсоз», «Сохтмон ва меъморӣ», «Лоиҳакаш», «САНИИОСП» ва дигарон як қатор лоиҳаҳо омода шудааст. Дар вақти азназаргузаронии лоиҳаҳо барои такмили онҳо, ба назар гирифтани санъати меъмории миллӣ дар вақти сохтмон, назорати доимии раванди корҳо ва сифати сохтмон ба ширкатҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ дастуру тавсияҳо дода шуд.

Аз ҷониби ширкати «Тиниал» лоиҳаи роҳи нимҳалқа, инчунин тарҳи роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан, Спитамен-Истиқлол муаррифӣ гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Июль 18, 2024 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд