Дар кӯчаҳои Хоруғ 150 қуттии муосир барои партовҷамъкунӣ гузошта шуд

Июль 19, 2024 09:46

ДУШАНБЕ, 19.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ,  дар баробари дигар корҳои созандагию ободонӣ, ҳамзамон дар самти ба танзим даровардани партовҳои сахти маишӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Ҳамин аст, ки дар давраи  2 соли охир дар кӯчаҳои асосӣ ва паскӯчаҳои шаҳр 150 қуттии муосир барои партовҷамъкунӣ гузошта  шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷоияи ҳокимияти шаҳр хабар доданд.

 Ба иттилои манбаъ,  дар заминаи лоиҳаи «Таҳкими устувор тавассути рушди ҳамгироии шаҳрӣ» давоми 2 соли охир дар 13 маҳаллаи шаҳри Хоруғ 15 партовгоҳи муосир бо 60 қуттии калон сохта ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон барои сари вақти ҷамъоварӣ намудани партовҳо  як нақлиёти боркашонии «Дулан» харидорӣ карда шуд. Давоми нимсолаи дуюми соли равон сохтмони боз 5 партовгоҳи муосир дар назар буда, як нақлиёти дигари партовҷамъкунӣ низ харидорӣ гардида, ба Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ супорида мешавад.

АКС: Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Июль 19, 2024 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд