Дар Кӯлоб 2684 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ронандагон тартиб дода шуд

Июль 26, 2024 11:00

КӮЛОБ: 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб дар шаш моҳи соли 2024 ба 1635 воситаи нақлиёти мусофирбар ва боркашонӣ варақаҳои назоратӣ дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 255 адад зиёд мебошад. Дар ин хусус 25 июл зимни нишасти матбуотии Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Кӯлоб иттилоъ дода шуд.

Дар минтақаи Кӯлоб айни ҳол 3 ҷамъияти нақлиёти боркашӣ, 7 ҷамъияти нақлиёти мусофиркашӣ, 6 терминали мусофиркашӣ ва 120 нуқтаи хизматрасонии техникӣ фаъолият менамоянд.

Муовини Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Кӯлоб Музафар Султонов гуфт, ки кормандони раёсат дар ин давра 225 маротиба рейд гузаронида, 2517 воситаи нақлиётро аз санҷиш гузарониданд. Дар натиҷа 2684 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд, ки аз ин 2671 адад нисбат ба ронандагони шахсони воқеии воситаи нақлиёт ва 13 нафар шахсони мансабдор мебошанд. Ба ин нигоҳ накарда, айни ҳол ба чашм мерасад, ки нақлиётҳои боркаш аз меъёр зиёд бор кашонида, боиси вайрон кардани роҳу пулҳо мегарданд.

Гуфта шуд, ки кормандони раёсат ҳамарӯза дар назди корхонаҳои коркарди қуму шағал ва намак ба воситаи тарозуҳои сайёр корҳои нозиротиро пеш бурда истодаанд. Ҳамин талабот буд, ки бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои кашонидани борҳои вазнин аз тарафи интиқолдиҳанда нисбат ба сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Фархор бо модаи 311, қисми 2 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Иброз гардид, ки кормандони раёсат дар оянда низ барои амалӣ гардонидани талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқи соҳа дар самти ба танзим даровардани соҳаи нақлиёт чораҳои зарурӣ меандешанд.

Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад