Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ соли равон ба маблағи беш аз 153 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст

Июль 11, 2024 14:48

ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ соли равон ба маблағи беш аз 153  миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.

Субъектҳои соҳибкорӣ дар муқоиса ба 6 моҳи аввали соли 2023 дар ноҳия 185 адад зиёд шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои саноатии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2024  ба маблағи  153 миллиону 938 ҳазору 200 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба  ҳамин давраи соли гузашта 978 ҳазору 400 сомонӣ зиёд буда, 100,6 фоизро ташкил медиҳад.

Корхонаҳои саноатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 дар шакли асл 633,6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 98 тонна орд, 234,1 тонна маҳсулоти ширӣ,  47,1 тонна равғани растанӣ, 1301,9  тонна ресмони пахтагин, 37550 тонна семент, 3535,3 м3 маҳсулот аз пластикаи физилӣ,  2113,2 ҳазор дона маҳсулоти пластмассӣ  истеҳсол намудаанд, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 101 то 122 фоизи ҳамин давраи соли гузашта рост меояд.

Давоми нимсолаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Мастчоҳ гардиши савдои чакана  217 миллиону 741  сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта  35 миллион зиёд мебошад, ки  119,5 фоизро дар бар мегирад.

АКС аз бойгонӣ

Июль 11, 2024 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд