Дар минтақаи Кӯлоб қисми даромади буҷет 106 фоиз иҷро гардид
КӮЛОБ, 30.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Кӯлоб қисми даромади буҷет 106 фоиз иҷро гардид, ки нисбат ба нақша 12,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб Маъруф Ҷаъфарзода иттилоъ дод.
Бо назардошти рушди воқеии иқтисодии минтақаи Кӯлоб қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2024 бо назардошти тағйиру иловаҳо ба маблағи 208,1 миллион муқаррар гардида, иҷрои аслии он 220,5 миллионро дар бар мегирад. Маблағгузории қисми хароҷоти буҷетии минтақаи Кӯлоб мутобиқи Қонун «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» аз рӯи даромадҳои воқеӣ амалӣ мешавад.
«Ҳамин тавр қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар шашмоҳаи аввали имсол бо назардошти тағйиру иловаҳо, маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маблағҳои ҳисобаробаркуниҳо ба маблағи 532,8 миллион сомонӣ муқаррар шуда, иҷрои аслӣ дар ин давра 520 миллион сомониро ташкил медиҳад»,-гуфт Маъруф Ҷаъфарзода.
Инчунин пардохти рухсатпулии омӯзгорон таҳти назорати қатъии доимӣ қарор дошта, мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи раёсатҳои Вазорати молия, дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба маблағи 61,1 миллион сомонӣ ҳисоб карда шуд.
Дар ин давра рухсатпулии пардохтшуда 45,6 миллион сомониро дар бар мегирад, ки ба 75 фоизи нақша баробар аст.
Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






