Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли макарони навъи олӣ ба истифода дода мешавад
СУҒД, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ корхонаи истеҳсоли макарони навъи олӣ бунёд мешавад, ки дар як рӯз то 2 тонна ва дар як моҳ то 60 тонна макарон истеҳсол менамояд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Таҷҳизоти корхона аз Италия харидорӣ шуда, дар як навбат банду басти макарон ба нақша гирифта шудааст, ки ҳар бастаи он аз 200 то 600 граммро ташкил медиҳад.
Тавре дар нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода иттилоъ дод, корхонаҳои саноатии ноҳия дар шашмоҳаи якуми соли 2024 ба маблағи 153 миллиону 938 ҳазору 200 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 978 ҳазору 400 сомонӣ зиёд буда, 100,6 фоизро ташкил медиҳад.
Корхонаҳои саноатӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар шакли асл 633,6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 98 тонна орд, 234,1 тонна маҳсулоти ширӣ, 47,1 тонна равғани растанӣ, 1301,9 тонна ресмони пахтагин, 37 550 тонна семент, 3535,3 м3 маҳсулот аз пластикаи физилӣ, 2113,2 ҳазор дона маҳсулоти пластмассӣ истеҳсол намудаанд, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 101 то 122 фоизи ҳамин давраи соли гузашта рост меояд.
Дар шашмоҳаи аввали имсол корхонаҳои саноатии ноҳия дар шакли асл 633,6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 98 тонна орд, 234,1 тонна маҳсулоти ширӣ, 47,1 тонна равғани растанӣ, 1301,9 тонна ресмони пахтагин, 37550 тонна семент, 3535,3 м3 маҳсулот аз пластикаи физилӣ, 2113,2 ҳазор дона маҳсулоти пластмассӣ истеҳсол намудаанд.
Вусъати афзоиш дар ин самт аз 101 то 122 фоизи ҳамин давраи соли 2023-ро ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд






