Дар ноҳияи Рӯдакӣ зеристгоҳи барқии «Дӯстӣ» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 июл дар ноҳияи Рӯдакӣ зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Дӯстӣ» ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зеристгоҳи барқии навбунёд, имкон фароҳам меорад, ки сокинони ҷамоатҳои деҳоти Мирзо Турсунзода, Чоргултеппа, шаҳраки Сомониён, деҳаҳои Кӯктош, Стаханов, Чорсӯ ва 8-уми Март, инчунин корхонаҳои саноатии ноҳияи Рӯдакӣ бо барқи боэътимод таъмин гарданд. Дар баробари ин, қисман зеристгоҳҳои барқии 220/110/10 кВ-и «Дарёканор» ва 35/10 кВ-и «Мадад» аз серборӣ озод мегарданд.Зеристгоҳи барқии «Дӯстӣ» аз ҷониби сохтмончиёни филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Душанбе дар муддати се моҳ бунёд шудааст.
Дар маросими ба истифода додани зеристгоҳи барқии «Дӯстӣ» Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» Мирзо Маҳмудзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва Директори бахши иқтисодии Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) (Иҷрокунандаи вазифаи Директори дафтари USAID дар Тоҷикистон) Каролин Апфхэм иштирок намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа баъд аз маросими ифтитоҳ ва боздиди зеристогоҳ бо сохтмончиён суҳбат намуда, сифати корҳоро хуб арзёбӣ намуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






