Дар Панҷакент корҳои бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 24.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бар асари боронҳои пуршиддат ва селҳои санаҳои 20, 23 июн ва 13 июл ба хоҷагии халқи шаҳри Панҷакент дар ҷамоатҳои деҳоти Шинг, Косатарош, Рӯдакӣ, Ворӯ ва Лоиқ Шералӣ зиёда аз 5,3 миллион сомонӣ хисорот ворид шуда, аз ҷумла ба роҳу пулҳо, хатҳои барқу иншооти обёрӣ, манзилҳои истиқоматӣ ва ёрирасони сокинон, майдонҳои кишт ва ғайра зарари ҷиддӣ расонида шуд. Дар ин хусус дар ҷаласаи Комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент оид ба ҳолатҳои фавқулода гуфта шуд.
Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳамаи захираю имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла техникаю таҷҳизоти зарурӣ сафарбар гардида, роҳҳо, хатҳои барқ, иншооти обрасон дар минтақаҳои зарардида барқарор шуда истода, дар ин самт корҳо идома доранд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ба канали Халифа Ҳасан баъди анҷоми корҳои барқарорсозӣ имрӯз об баста шуд ва кор дар самти бартараф намудани оқибати офати табиӣ босуръат идома дорад.
Дар ҷаласа ба роҳбарони ниҳодҳои марбута ҷиҳати идома додани корҳо барои кушодани роҳҳо ба деҳаҳои Ғиждарваю Ровадин, васеъ намудани роҳҳо дар деҳаи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Шинг, деҳаҳои Порвен ва Ворӯи Ҷамоати деҳоти Ворӯ, имкониятҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои сокинони хонаҳояшон аз сел зарардида ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани майдонҳои кишти зери лою селоба монда, оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди муассисаҳои таълимии зарардида, таъмини фаъолияти муназзами иншооти обёрӣ, ва дигар масъалаҳои вобаста ба бартараф намудани оқибати офати табиӣ супориш дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент барои пурра бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табииӣ корҳо идома дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






