Дар рӯзномаи арабии «Аш-Шарқ ал-Авсат» мусоҳибаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон нашр гардид

Июль 2, 2024 11:39

ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ рӯзномаи байналмилалии арабии «Аш- Шарқ ал-Авсат» (Ховари Миёна) дар пойгоҳи электронӣ ва нусхаи чопӣ мусоҳибаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ Султон Раҳимзодаро нашр кард.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар медиҳад, дар мусоҳиба роҷеъ ба имкониятҳои иқтисодию тиҷоратӣ, хусусиятҳои фазои сармоягузориии Тоҷикистон, бахшҳои авлавиятноки сармоягузорӣ ва имтиёзҳое, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорони хориҷӣ пешбинӣ кардааст, маълумоти муфассал пешниҳод шудааст.

Инчунин зимни мусоҳиба дар бораи роҳҳои таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва ҷалби сармоягузорони саудӣ ва араб ба иқтисоди мамлакат изҳори андеша гардидааст.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ 

Июль 2, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад