Дар шаҳри Бохтар ҳавзи шиноварӣ ба истифода дода шуд

Июль 29, 2024 10:18

ДУШАНБЕ, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 июл дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавзи шиноварӣ бо дарозии 40 метр, паҳнои 20 метр ва чуқурии аз 1,8 метр то 2,2 метр ба истифода дода шуд. Ҳавзи шиноварӣ дорои дастгоҳҳои махсуси обтозакунӣ (филтр) ва обпарто буда, мутобиқ ба стандартҳои муосири варзишӣ сохта шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.

Ҳавзи шиноварӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сатҳу сифати баланд сохта шуда, дорои бинои маъмурии 2-ошёна, ҳуҷраҳои кории мураббиёни варзиши шиноварӣ, нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва шустушӯи бадан мебошад. Дар назар аст, ки минбаъд дар ин ҷо мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд.

Гуфта шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Ба гуфти масъулини вилояти Хатлон, имрӯз дар вилоят 40 варзишгоҳ, 3196 майдончаи варзишӣ, 574 толори варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ, 11 маҷмааи варзишӣ, 37 мактаби варзишӣ  ва дигар иншооти махсуси варзишӣ амал менамоянд. Шумораи умумии мураббиён то соли 1991  354 нафар буд, ки имрӯз ин теъдод ба 683 нафар ва шумораи варзишгарон аз 8086 нафар ба зиёда аз 18 ҳазор нафар расидааст.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июль 29, 2024 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд