Дар шафати роҳҳои Тоҷикистон 30 адад нуқтаҳои баркашӣ бо тарозуҳои статсионарӣ, динамикӣ ва мобилӣ муҷаҳҳаз фаъолият доранд

Июль 15, 2024 17:41

ДУШАНБЕ, 15.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар шафати роҳҳои ҷумҳурӣ 30 адад нуқтаҳои баркашӣ ташкил ва бо тарозуҳои статсионарӣ, динамикӣ ва мобилӣ таъмин гардидаанд. Ба наздикӣ боз чанд адад тарозуҳои динамикии муосир дар маҳалҳои дигари мамлакат, аз ҷумла дар ду даромадгоҳи шаҳри Душанбе, инчунин дар нуқтаҳои боркашонии «Норак», «Гулистон»-и минтақаи Кӯлоб ва «Қизил-Қалъа»- и минтақаи Бохтар дар шафати роҳҳои мошингард насб карда мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тарозуҳои мазкур имконияти васеъ дошта, аз хориҷа ворид карда мешаванд. Онҳо андоза ва вазни воситаҳои нақлиёти боркашро ҳангоми суръати баланди ҳаракат, ҳатто то 100-120 км/соат муайян карда метавонанд. Айни ҳол чунин тарозуҳо дар нуқтаҳои боркашии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва «Маданият»-и шаҳри Конибодоми вилояти Суғд насб ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Фаъолияти кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёт ба таври шабонарӯзӣ дар ин нуқтаҳои баркашӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати риоя накардани вазну андозаҳои муқарраргардида нисбат ба интиқолдиҳандагон чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 15, 2024 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд