Дар Суғд вобаста ба нақши занон дар татбиқи барномаҳои давлатӣ ҳамоиш доир гардид

Июль 2, 2024 08:38

ДУШАНБЕ, 02.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аъзои Шурои занони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо ташкили ҳамоиш  таҳти унвони «Нақши бонувон дар тадбиқи барномаҳои давлатӣ» масъалаҳои марбут ба фаъолияти занон дар мақомоти корҳои дохилиро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.

Ба гуфтаи муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Ҳотамшо Содиқзода, саҳми занони мақомоти корҳои дохилӣ баҳри таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар рафти чорабиниҳо, пешгирӣ ва ошкорнамоии кирдорҳои ба ҷомеа хавфнок, бурдани корҳои тарғиботии тарбиявӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар иқдомоти созанда ба нафъи ҷомеа назаррас мебошад.

Таъкид гардид, ки баланд бардоштани мақоми зан-модар дар мақомоти маъмурӣ – идоракунӣ, фароҳамсозии шароити таҳсил ва кор дар сохторҳои муҳими давлатӣ барои занон, намунаи олии эҳтиром ба зан-модар мебошад. Нишонаи боварӣ ба истеъдод ва коргузории ҷинси латиф боз дар он таҷассум меёбад, ки имрӯзҳо зани тоҷик дар сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ дар паҳлуи мардон истода, сарбаландона дар самтҳои фаврию тафтишотӣ, криминалистӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар хизматҳо фаъолият мебарад.

Дар Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳиссагузорӣ дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, роҳнамоии ватандӯстона ва масъулиятшиносии ҷавонон, пешгирии зуҳуроти номатлуб, кор дар самти муноқиша ва хушунати оилавӣ аз мавзуъҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ буд, ки аз ҷониби Шурои занони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд баррасӣ гардид.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 2, 2024 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд