Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд

Июль 19, 2024 14:08

ДУШАНБЕ, 19.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 июл дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз»-и ин кумита баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар доданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз» Ориф Хоҷазода иброз намуд, ки маҳз туфайли сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳизб тавонист дар тӯли сӣ соли фаъолияти созандаи худ ба неруи пешбарандаи ҷомеа табдил ёбад.

Имрӯз ин ҳизби мардумӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ҳамнафасу ҳамрадифи сокинони Тоҷикистон соҳибистиқлол аст. Обруи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сол аз сол бештар гардида, сафи аъзоёнаш низ зиёд мешавад, ки бешубҳа гувоҳи сиёсати оқилонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нақши аъзоён ва фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз» дар ташвиқоту тарғибот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, аёдату дастгирии ниёзмандону маъюбон, пешгирии падидаҳои номатлуб, ба созандагию бунёдкорӣ сафарбар намудани аҳли ҷомеа ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ назаррас буд.

Дар ҷаласаи ташкилот инчунин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода ва мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Фазилатпочои Маҳмадюсуф сухан намуданд.

Дар идома фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз» қаноатбахш арзёбӣ гардида, раис ва муовини ташкилот аз нав интихоб гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласа изҳори итминон гардид, ки аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои системаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ фаъолият доранд, барои бо дастовардҳои наззарас истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саъю талош хоҳанд намуд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 19, 2024 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид