Дар Тоҷикистон Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон — Маҷмааи «Хуталон», воқеъ дар ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ ба кори худ оғоз намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин ҳамоиш.
Нимаи дуюми рӯз дар Маҷмааи «Хуталон» баргузории семинари сатҳи баланд (Панели 1) дар мавзуи «Иқтисодиёти сабз -ҳамчун алтернатива барои рушди иқтисодиёти ҷаҳон» дар назар дошта шудааст. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин семинари сатҳи баланд (Панели 2) дар мавзуи «Рақамикунонӣ – ҳамчун тамоюли рушди иқтисоди миллӣ ва ҷомеаи муосир» доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 то 3 июл дар Тоҷикистон Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ баргузор мешавад.
Тафсилоти бештар дар ин мавзуъ дар хабарҳои минбаъда пешниҳод мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






