Дар Вазорати молияи Тоҷикистон бо ноибони президентҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ,02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 июл дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани, ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроухуро, директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Татяна Проскурякова ва ҳайати ҳамроҳ баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи татбиқи саривақтии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тандурустӣ ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуда, оид ба ҷалби маблағҳои иловагӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёти мамлакат изҳори назар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 то 3 июл дар Тоҷикистон Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ баргузор мегардад.
Мавриди ёдоварист, ки дар машваратҳои Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳои ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон, таъмини суботи иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти хатарҳои геополитикӣ, беҳтар кардани дурнамои миёнамуҳлати рушд, таъсири номуайянӣ ва хатарҳо дар пасманзари муноқишаҳои давомдор, инчунин дигар масоили муҳимми аҳамияти ҷаҳонидошта мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон










Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид






