Донишгоҳи давлатии Бохтарро 53 нафар бо дипломи аъло хатм намуд
БОХТАР, 09.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2023-2024 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро 4 ҳазору 505 нафар бо ихтисосҳои гуногун хатм намуд, ки аз ин 53 нафар ба гирифтани дипломи аъло мушарраф шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.
Имрӯз зимни маросими тақдими дипломҳои аъло ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз намуд, ки дониш василаест, ки барои камолоти зиндагӣ инсонро раҳнамо ва ҳидоятгар аст. Солҳои охир мафкураи насли ҷавони мо рушд намуда истода, имрӯзҳо дар ҷомеа ба пуррагӣ мавқеи намоёни худро пайдо намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин насли ояндасози ҷамъият умеди зиёд дорад, зеро ояндаи мамлакат ба заковату қобилияти насли ҷавони бунёдкор сахт алоқаманд аст.
Гуфта шуд, ки солҳои охир донишгоҳ сатҳу сифати донишро баланд бардошта, баҳри омодасозии мутахассисони соҳавӣ ҷидду ҷаҳд намуда истодааст.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






