Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: «Омӯзгороне, ки рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя мекунанд, то 30 ҳазор сомонӣ ҳавасманд мешаванд»

Июль 23, 2024 14:50

ДУШАНБЕ, 23.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзгоронеро, ки рисолаҳои номзадиву доктори фалсафа (доктор аз рӯйи ихтисос Ph.D) ва докторӣ, доктор ҳабилитат ҳимоя менамоянд, аз 20 то 30 ҳазор сомонӣ ҳавасманд менамояд. Ин иқдом бо мақсади зиёд намудани теъдоди олимону муҳаққиқон ва зиёд намудани шумораи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта мебошад.Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Эмомалӣ Насриддинзода баён дошт.

Таъкид шуд, ки ин тасмим ҳамзамон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат дода шуд, роҳандозӣ карда шуд.

Гуфта шуд, ки таъмини шароити мусоиди зиндагии кормандони соҳаи илму маориф зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат қарор дошта, ҳамасола андозаи музди меҳнати онҳо баланд бардошта мешавад. Ин аст, ки имсол низ музди меҳнати кормандони соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба андозаи 40 фоиз баланд гардид. Ҳамзамон дар пайравӣ бо ин иқдом, шуруъ аз 1 июли соли 2024 бо ташаббуси раёсати донишгоҳ музди маоши устодону кормандон дар ҳаҷми 10 фоиз аз ҳисоби маблағҳои махсус зиёд карда шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
Зоирҷони ТОИРЗОД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2024 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд