Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва қабули довталабонро эълон намуд
ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва қабули довталабонро аз рӯйи ихтисоси маҳорати актёрӣ дар соҳаи синамо эълон намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Барои довталабон донистани забони русӣ ҳатмӣ буда, ба шахсоне, ки забони англисиро медонанд, бартарият дода мешавад.
Муҳлати таҳсил чор сол ройгон буда, донишҷӯён бо хобгоҳ ва стипендия таъмин карда мешаванд.
Қабули ҳуҷҷатҳо 1 июл оғоз гардида, то 31 июл идома меёбад. Имтиҳонҳои қабул дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз 5 то 10 август баргузор мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд, маълумоти бештарро тавассути телефонҳои 935358653, 000028 763 ё www.tojikfilm.tj дастрас намоянд.
Бояд гуфт, ки ҳамкории Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи синамои тоҷик тақвият меёбад .
АКС аз манбаъҳои боз








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






