Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва қабули довталабонро эълон намуд

Июль 13, 2024 13:39

ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва қабули довталабонро аз рӯйи ихтисоси маҳорати актёрӣ дар соҳаи синамо  эълон намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Барои довталабон донистани забони русӣ ҳатмӣ буда, ба шахсоне, ки забони англисиро медонанд,  бартарият дода мешавад.

Муҳлати таҳсил чор  сол ройгон  буда, донишҷӯён бо хобгоҳ ва стипендия таъмин карда мешаванд.

Қабули ҳуҷҷатҳо 1 июл оғоз гардида, то 31 июл  идома меёбад. Имтиҳонҳои қабул дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз 5 то 10 август   баргузор мегардад.

Хоҳишмандон метавонанд, маълумоти бештарро  тавассути телефонҳои  935358653, 000028 763  ё www.tojikfilm.tj дастрас намоянд.

Бояд гуфт, ки ҳамкории  Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  бо Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи синамои тоҷик  тақвият меёбад .

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 13, 2024 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд