Эмомалӣ Раҳмон: «Соли равон нахустин маротиба корвони мошинҳои боркаши Ширкати миллии логистикии Покистон ба Тоҷикистон ворид шуд»
ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар асоси муқаррароти Созишномаи моҳи декабри соли 2022 баимзорасида «Дар бораи тиҷорати транзитӣ», нахустин маротиба аз Покистон корвони мошинҳои боркаши Ширкати миллии логистикии Покистон ба Тоҷикистон ворид шуд. Мо умед дорем, ки доираҳои сармоягузори кишвари дӯсти Покистон дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёнаи он иштироки фаъолу судманд хоҳанд дошт. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар нишасти матбуотӣ, ки 2 июл пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барпо гардид, иброз доштанд.
Президенти Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ сатҳи имрӯзаи ҳамдастиву эътимоди сиёсии миёни ду кишварро баланд арзёбӣ намуда, муколамаи мунтазам ва пурмазмуни сиёсиро омили такондиҳандаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду ҷониб донистанд.
«Дар айни замон мувофиқи мақсад мебуд, ки арсаи ҳамкории иқтисодӣ тавассути идомаи самарабахши кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ тавсеа дода шавад.Дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ мо ба таври муфассал маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор додем»,-изҳор намуданд Сарвари давлат.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои мулоқотҳои имрӯзаро омили муҳимми таҳкиму тавсеаи тамоми маҷмӯи ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон арзёбӣ намуда, хотирнишон сохтанд, ки имрӯз ҷонибҳо бастаи нави санадҳои ҳамкориро ба имзо расониданд, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатии ду кишвари ба ҳам дӯстро дучанд тақвият мебахшанд.
«Бахусус, мехоҳам аҳаммияти таърихии Созишнома дар бораи шарикии стратегиро таъкид намоям.Бовар дорам, ки сатҳи сифатан нави робитаҳои ду ҷониб омили рушди самарабахши онҳо дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ хоҳад гардид»,- тазаккур доданд Сарвари давлат.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






