«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 22.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 19 июл басти сеюми истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Файзи истиқлол», воқеъ дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид, ки дар он 410 нафар наврасу кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуд.
Тавре директори истироҳатгоҳ Бахтиёр Расулов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ин баст 30 нафар аз Муассисаи таълимии давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ба номи Додхудо Карамшоев»-и ноҳияи Рӯшон, 10 нафар аз Мактаб-интернати Ҷалолидини Балхӣ, 15 нафар аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии нобиноёни шаҳри Ҳисор ва кӯдакону наврасон аз муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии мамлакат ба истироҳат фаро гирифта шуданд.
Бояд гуфт, ки иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия намудани кӯдакон равона гардидааст.
«Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти кӯдакони мамлакат сол аз сол беҳтару рангинтар гардида, ҳамасола дар мавсими тобистон ҷиҳати истироҳати кӯдакон ва наврасон шароити мусоид фароҳам мегардад»,-афзуд Баҳтиёр Расулов.
Таъкид гардид, ки масъулин вобаста ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасон, бемориҳои сироятӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, тарбияи ватандӯстӣ, интизом ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар байни наврасон ва кӯдакон вохӯрию суҳбатҳо ташкил намуданд.
Ҳамчунин ҷиҳати истироҳати бофароғати кӯдакону наврасон озмунҳои «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ ва сайру сайёҳат ташкил ва гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки истироҳатгоҳ бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шуда, кӯдакону наврасон дар ин ҷо ҳар рӯз ба бозиҳои гуногуни шавқовари варзишӣ машғул мешаванд.
Мураббиён кӯдакону наврасонро дар руҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия менамоянд, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд.
АКС: Истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






