Фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соли равон ба зиёда аз 1,6 миллион мусофир хизмат расонидаанд

Июль 24, 2024 16:12

ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба 1 миллиону 667 ҳазору 900 мусофир хизмат расонидаанд. Дар ин хусус директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорони ватанию хориҷӣ иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки дар ин давра Фурудгоҳи байналмилалии «Душанбе» ба 1 миллиону 141 ҳазор мусофир, Фурудгоҳи байналмилалии «Хуҷанд» ба 391,4 ҳазор мусофир, Фурудгоҳи байналмилалии «Кӯлоб» ба 94,8 ҳазор мусофир ва Фурудгоҳи байналмилалии «Бохтар» ба 40,7 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд. Инчунин дар ин давра теъдоди хатсайрҳо ба 5 ҳазору 787 адад баробар гардид.

Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи якуми соли равон аз фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷи дуру наздик як ширкати ҳавопаймоии ватанӣ- «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» ва 12 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ, аз қабили «Ют Эйр», «Уральские авиалинии», «Северный ветер», «Сибирь-S7», «Ямал»-и Федератсияи Русия, «Эйр Астана»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, «Узбекистон ҳаво йуллари»-и Ҷумҳурии Узбекистон, «Флай Дубай»-и Аморати Муттаҳидаи Араб, «Туркиш Эйрлайнз»-и Ҷумҳурии Туркия, «Вориш Эйрлайнз»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Ҷазира Эйрвейз»-и Давлати Қувайт парвозҳои мунтазамро иҷро намудаанд.

Ҳабубибулло Назарзода афзуд, ки Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ин давра дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои авиатсионии мамлакат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, ҷиҳати рушди соҳаи авиатсияи граждании мамлакат, ки яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ дар рушди иқтисоди мамлакат арзёбӣ мегарадад, корҳои назаррасро анҷом додааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 24, 2024 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад