Гурӯҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо сокинони ноҳияи Ванҷ дар масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон вохӯрӣ доир намуд

Июль 1, 2024 14:28

ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар деҳаи Бидуни Ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ  бо сокинон дар мавзуи «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон — омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» вохӯрӣ доир намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар замири ҷавонон яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ин насли ояндасоз буда, бо ин восита дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Махсусан тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон мебошад.

Дар вохӯрӣ  аз ҷониби  гурӯҳи корӣ ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба  ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, гурӯҳҳои ифротӣ, хурофотпарастӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа диққати махсус дода шуд.

Инчунин дар доираи сафар,  гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаи Мотравн вохӯрӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани малакаи зеҳнии  ҷавонону наврасони маҳал бо онҳо тариқи саволу ҷавоб  суҳбат  намуда, ба фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.  Инчунин байни ҷавонон мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол доир шуд.

АКС:  Маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 1, 2024 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард