Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар самти бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси дипломатҳои ҷавон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо ректори Донишкадаи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар доктор Абдулазиз Муҳаммад Юсуф ал-Ҳур мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷонибҳо зимнан масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатарро дар самти бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси дипломатҳои ҷавон, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ доир ба бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми тарафҳо, аз ҷумла омода намудани тарҷумонҳои касбӣ табодули назар анҷом дода шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






