ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-ИСЛОМОБОД. Нахустин парвози ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» ба Покистон анҷом дода шуд

Июль 2, 2024 11:08

ДУШАНБЕ, 02.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустини парвозро рӯзи панҷшанбе, 27 июн аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Покистон — шаҳри Исломобод анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Сомон Эйр».

Соати 11:45 даққиқа ширкати ҳавопаймои «Сомон Эйр» бо мусофирон дар пойтахти Покистон — шаҳри Исломобод фуруд омад. Ҳангоми бозгашт бо 52 мусофир аз Исломобод ба Душанбе парвоз кард.

Иттилоъ дода шуд, ки минбаъд парвозҳо ҳар ҳафта, рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе 10:30, аз Исломобод — 13:30 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Давомнокии парвоз 2 соатро ташкил дода, парвозҳои мустақим тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иҷро мегарданд.

Бояд гуфт, ки ифтитоҳи хатсайри Душанбе — Исломобод — Душанбе ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат такони нав бахшида, ҷиҳати таҳким ва тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои фарҳанг, иқтисод, тиҷорат ва сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ аз соли 2008 муваффақона фаъолият дошта, узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст.

Тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ аз афзалиятҳои асосии ширкат мебошанд ва дар айни замон «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Гурҷистон ва Узбекистон анҷом медиҳад.

АКС: АМИТ«Ховар»

Июль 2, 2024 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд