Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «ISPHO» соҳиби ду ҷои сеюм шуданд
ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз панҷ нафар дар қатори 23 мамлакати дунё дар Олимпиадаи байналмилалии «ISPHO», ки аз 3 то 11 июли соли 2024 дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Русия аз фанни физика баргузор шуд, иштирок намуда, сазовори 2 ҷойи сеюм гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бояд гуфт, ки ин дастоварди хонандагони тоҷик аз рақобатпазир будани низоми маорифи миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналмилалии «ISPHO» олимпиадаи сатҳи баланд буда, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Округи Мухтори Ханти-Мансийски-Югра ва Донишкадаи физика ва технологияи Москва баргузор карда мешавад.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






