Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «JBMO-2024» дар Туркия сазовори 6 ҷои ифтихорӣ гардиданд

Июль 2, 2024 20:24

ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 30 июн дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия Олимпиадаи байналмилалии математикии наврасони Балкан «JBMO-2024» баргузор шуд, ки дар он хонандагони Тоҷикистон сазовори 6 ҷой ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар олимпиада хонандагони зиёда аз 20 давлат, аз ҷумла Фаронса, Туркия, Хорватия, Сербия, Албания, Руминия, Македония, Югославия, Босния ва Герсоговина, Черногория, Молдавия, Юнон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Булғористон, Озарбойҷон, Филиппин ва Кипр иштирок намуданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро 6 нафар хонандаи тоҷик муаррифӣ намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки дастоварди мазкур шаҳодати он аст, ки рушди ҳаракати олимпӣ дар мамлакат сол ба сол беҳтар гардида, хонандагони тоҷик аз фанҳои табиӣ-риёзӣ бо давлатҳои тараққикардаи дунё рақобати арзанда нишон дода, нуфузи мамлакатро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

Моҳи марти соли 2020 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо олимони мамлакат ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши технологияҳои муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир намуданд.

Бояд гуфт, ки пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд оварда, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд, ки барои омӯзиши он талоши бештар намоянд.

Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат ба масъулин таъкид доштанд, ки «назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 2, 2024 20:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд