Хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонии «IPhO» аз фанни физика сазовори ҷойи 3-юм гардид

Июль 30, 2024 09:54

ДУШАНБЕ, 31.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11-и  Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Ҳусанҷон Салимов дар Олимпиадаи ҷаҳонии «IPhO» аз фанни физика сазовори ҷойи 3-юм гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Олимпиадаи ҷаҳонии «IPhO» аз фанни физика аз 21 то 29 июли соли 2024 дар Донишгоҳи технологии вилояти Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон  баргузор гардид.

Дар олимпиада 44 давлати дунё бо ҷалби  зиёда аз 200 нафар хонандагони болаёқат бо ҳам сабқати илмӣ намуданд.

Дар Олимпиадаи 54-уми ҷаҳонии «IPhO» Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5  хонанда аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе муаррифӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дастоварди хонандаи литсей дар Олимпиадаи ҷаҳонии «IPhO-2024» аз фанни физика нишони он аст, ки  муассиса бо тамоми имконоти моддӣ-техникӣ ва лабораторӣ муҷаҳҳаз буда, омӯзгорон бо истифода аз таҷрибаи андӯхтаашон раванди таълиму тарбияи хонандагони болаёқатро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, бо назардошти талаботи торафт афзояндаи ҷаҳони муосир дар ташаккули шахсиятҳои воқеан донишманд ва худшиносу худогоҳ беш аз пеш саҳм мегузоранд.

Дар ин замина бо неруи зеҳнияшон баҳри рушди дастаи ҳаракати олимпии литсей ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллату давлат пайваста кӯшиш менамоянд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 30, 2024 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд