Имрӯз дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии «Помиринвест -2024» оғоз гардид

Июль 26, 2024 10:35

ДУШАНБЕ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии «Помиринвест-2024» оғоз гардид, ки дар он беш аз 300 нафар соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Форуми байналмилалии «Помиринвест-2024» бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида шуда, ҳадафаш ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рушди соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкории корхонаю ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ бо корхонаю ширкатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзёбӣ мегардад.

Форум дар ду панел –ҷалби сармояи ватанӣ, хориҷӣ ҷиҳати устувор намудани иқтисодиёти Бадахшон ва баланд бардоштани саводнокӣ ва малакаи соҳибкорон дар бахши молия ва бонкдорӣ гузаронида мешавад.

Инчунин дар доираи Форуми байналмилалии «Помиринвест-2024» «Форуми соҳибкории G-5» гузаронида мешавад, ки дар он 5 соҳибкори муваффақи ватанӣ фаъолиятҳои худро муаррифӣ менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 26, 2024 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд