Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ, бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ асосан бебориш дар назар буда, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм, рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ, бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.








Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид
Дар Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






