Имрӯз дар Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ баргузор мешавад

Июль 25, 2024 07:30

ДУШАНБЕ, 25.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 июл дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи номи Ш.Шоҳтемур ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ соати 10:00 дар Вазорати кишоварзӣ доир мегардад.

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 13:00 барпо мегардад.

Дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ нишасти матбуотӣ соати 14:00 доир мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Агентии хоҷагии ҷангал соати 16:00 баргузор мегардад.

Нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ соати 09:00 ва ноҳияи Сино соати 14:00 дар биноҳои мақомоти  мазкур  баргузор мешаванд.

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 08:00 ва дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соати 09:00 доир мешаванд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Июль 25, 2024 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад