Имсол дар Тоҷикистон Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 22.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли равон дар мамлакат Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мешавад. Имсол барои пуршукӯҳ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани намоиши мазкур, дар муқоиса ба соли пеш маблағи зиёдтар ҷудо гардида, вазорат талош дорад, ки шумораи иштирокдорон, алалхусус аз давалтҳои хориҷиро зиёд намояд. Ин матлабро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз баргузор гардид, баён дошт.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 дар намоиши байналмилалӣ намояндагон аз 7 давлати дунё, аз ҷумла Федератсияи Русия, Беларус, Ҳиндустон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва беш аз 30 муассисаи нашриявии дохилӣ фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки муассисаҳои нашриявии вазорат дар ин давра, дар маҷмӯъ 23 номгӯй китобро бо теъдоди 39 ҳазору 500 нусха ба табъ расониданд. Инчунин дар анборҳои муассисаҳои вазорат 283 ҳазору 53 нусха китоб ба маблағи умумии 13 миллиону 426 ҳазору 400 сомонӣ мавҷуд мебошад.
Иброз гардид, ки тавассути Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» бо мақсади мукаммал гардонидани фонди китобхонаҳо дар маҷмуъ 14 212 нусха китобро ба тариқи ройгон ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас гардонида шуд.
АКС аз бойгонӣ








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






