Имсол дар Тоҷикистон Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад

Июль 22, 2024 11:04

ДУШАНБЕ, 22.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли равон дар мамлакат Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе»  баргузор мешавад. Имсол барои пуршукӯҳ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани   намоиши мазкур,  дар муқоиса ба соли пеш маблағи зиёдтар ҷудо гардида, вазорат талош дорад, ки шумораи иштирокдорон, алалхусус аз давалтҳои хориҷиро зиёд намояд. Ин матлабро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз баргузор гардид, баён дошт.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2023  дар намоиши байналмилалӣ намояндагон аз 7 давлати дунё, аз ҷумла Федератсияи Русия, Беларус, Ҳиндустон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва беш аз 30 муассисаи нашриявии дохилӣ фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки муассисаҳои нашриявии вазорат дар ин давра,  дар маҷмӯъ 23 номгӯй китобро бо теъдоди 39 ҳазору 500 нусха ба табъ расониданд. Инчунин дар анборҳои муассисаҳои вазорат 283 ҳазору 53 нусха китоб ба маблағи умумии 13 миллиону 426 ҳазору 400 сомонӣ мавҷуд мебошад.

Иброз гардид, ки тавассути Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» бо мақсади мукаммал гардонидани фонди китобхонаҳо дар маҷмуъ 14 212 нусха китобро ба тариқи ройгон ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ дастрас гардонида шуд.

АКС аз бойгонӣ

Июль 22, 2024 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст