ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ. Дар мактаби №100-и шаҳри Душанбе масъулин бо рафти баргузории он шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 04.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода ва намояндагони сохтори марбута бо рафти баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шинос гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Вазири маориф ва илм зимни суҳбат бо довталабон, падару модарон ва омӯзгорон иброз дошт, ки «таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф сол то сол меафзояд. Махсусан, шароити хуби таҳсили донишҷӯён ва ба талаботу стандартҳои ҷаҳони муосир мутобиқ намудани муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии ҷумҳурӣ, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, таҳсили донишҷуён тибқи квотаи Президентӣ, ташкилу баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ҳавасмандсозии донишҷуёни фаъол бо идрорпулӣ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати рушди соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам овард».
«Тағйиру иловаҳои санадҳои ҳуқуқӣ ва меъёрии танзимкунанда дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла, ҳатмӣ намудани зинаи сеюми таҳсилот, гузариш ба низоми баҳогузории даҳхола, мустаҳкам намудани равобити мактабу оила дар таълиму тарбияи кӯдак, ба бар намудани либоси миллӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва чанде дигар барои боз ҳам вусъат бахшидани маорифи миллӣ саҳми сазовор мегузорад», — афзуд Раҳим Саидзода.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






