Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб гардид

Июль 20, 2024 18:44

ДУШАНБЕ, 20.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он раиси ҳизб ва аъзо аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар анҷуман иштирокдорон доир ба ҳадафҳои фаъолияти ҳизб, таҳияи барнома ва татбиқи нақшаҳо дар 5 соли оянда, инчунин ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию иҷимоии мамлакат андешарониӣ намуданд.

Дар кори анҷуман ҳисоботи 5-солаи раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳмонзода пешниҳод гардид.

Таъкид карда шуд, ки ҳадафи асоси фаъолияти ҳизб ин дар доираи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Дар идома раиси нав  ва муовинони он тариқи овоздиҳӣ интихоб гардида, ҳисоботи солона ва ҳисоботи Раиси Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони минтақавии ҳизб пешниҳод гардид.

Бо тариқи овоздиҳӣ Fиёсиддин Ашӯрзода раиси нави Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Файзулло Машраб, Сарвиноз Маҷидзода, Ҳайдар Раҳматзода ва Рустам Раҳмонзода муовинони раиси ҳизб интихоб шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 20, 2024 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад