Коргоҳи «Гулдасти Бӯстон» 3500 либоси мактабӣ истеҳсол менамояд

Июль 11, 2024 13:37

ДУШАНБЕ, 11.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Коргоҳи дӯзандагии «Гулдасти Бӯстон» бо якчанд муассисаҳои таълимии шаҳри Бӯстон ва ноҳияҳои Деваштичу Мастчоҳ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, нақша дорад то 3500 либоси мактабӣ истеҳсол намояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ 40 нафар занон   бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Дар баробари дӯхти либосҳои мактабӣ,   масъулин азм доранд, ки дар оянда доираи фаъолияти худро боз ҳам васеъ гардонида, ба истеҳсоли дигар намуди либосҳои кориву низомӣ машғул шаванд.

Ёдовар мешавем, ки коргоҳ соли равон таъсис дода шуда, самти асосии фаъолияташ ин дӯхти либосҳои мактабӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад дастгоҳҳои дӯзандагиву буррандагӣ аз Чин ворид гардида, маҳсулот мутобиқ ба меъёрҳои мавҷуда истеҳсол мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 11, 2024 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад