Коргоҳи «Гулдасти Бӯстон» 3500 либоси мактабӣ истеҳсол менамояд
ДУШАНБЕ, 11.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Коргоҳи дӯзандагии «Гулдасти Бӯстон» бо якчанд муассисаҳои таълимии шаҳри Бӯстон ва ноҳияҳои Деваштичу Мастчоҳ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, нақша дорад то 3500 либоси мактабӣ истеҳсол намояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ 40 нафар занон бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Дар баробари дӯхти либосҳои мактабӣ, масъулин азм доранд, ки дар оянда доираи фаъолияти худро боз ҳам васеъ гардонида, ба истеҳсоли дигар намуди либосҳои кориву низомӣ машғул шаванд.
Ёдовар мешавем, ки коргоҳ соли равон таъсис дода шуда, самти асосии фаъолияташ ин дӯхти либосҳои мактабӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад дастгоҳҳои дӯзандагиву буррандагӣ аз Чин ворид гардида, маҳсулот мутобиқ ба меъёрҳои мавҷуда истеҳсол мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид






