Кумитаи кор бо занон ва оила бо усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал» ва «Хона ба хона» чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ мегузаронад
ДУШАНБЕ, 27.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2024 дар саросари мамлакат суҳбату вохӯрӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатиро мегузаронад, ки имрӯз бо усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал», «Хона ба хона», «Зан — мазҳари зебоӣ», «Тоҷикона мепӯшем» ва «Корвони модарон» идома дорад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғигул Исломзода дар ин мавзуъ суҳбат намуд.
Номбурда иброз дошт, ки чунин чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, инчунин дар мавриди эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пос доштани фарҳанги миллӣ, тарзи тайёр кардани хӯрокҳои миллӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мукстақилона ва омӯзонидани онҳо бо ҳунарҳои миллӣ равона гардидааст.
«Мақсад аз гузаронидани усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал» ва «Хона ба хона» ин пеш аз ҳама, рушди маҳл, корҳои ободонию созандагӣ, тозагии кӯчаву хиёбонҳои маҳалла, рушди ҳунарҳои мардумӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ мебошад»,-илова намуд Боғигул Исломзода.
Ба гуфти номбурда, дар рафти чорабиниҳои мазкур мушоҳидаҳо нишон дод, ки имрӯз занони фаъоли ҷомеаи мо аллакай дарк кардаанд, ки саҳм гузоштан дар корҳои нек, аз ҷумла рӯ овардан ба рушди маҳал, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маводи ғизоӣ ба фоидаи оила ва ҷомеа мебошад.
Аксари занони деҳот, ки заминҳои наздиҳавлигӣ доранд барои иқтисоди оилаи худ он заминҳоро самаранок истифода мебаранд. Онҳо маҳсулоти деҳқонии худро ҳам барои рӯзгори оила истифода мебаранд, ҳам ба бозор бароварда маблағ ба даст меоранд. Ҳамчунин барои зимистон низ захира мекунанд.
Бояд гуфт, ки шумораи занони соҳибкор сол то сол зиёд шудааст, ки онҳо фаъолияти соҳибкории худро аз заминҳои наздиҳавлигии худ шурӯъ карданд ва имрӯз соҳиби хоҷагиҳои деҳқонии хурду миёна мебошанд.
«Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа барои солҳои 2021-2030» ва нақшаи амали он барои солҳои 2021-2025 ба имзо расид, ки имрӯзҳо дар амал татбиқ шуда истодааст. Яке аз самтҳои ин стратегия соҳибкории занон мебошад. Маҳз бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз соли 2006 грантҳои президентӣ татбиқ мегарданд, ки ба фаъолияти занон равона гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар соли 2023 80 лоиҳаи мақсадноки занон дастгирӣ ёфт, ки тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеаро дар бар мегирад.
Агар соли 2006 маблағи ин грантҳо 150 ҳазор сомонӣ бошад, соли 2023 ба 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ расонида шуда, соли 2024 5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
«Грантҳои президентӣ барои занони соҳибкор дар соли 2024 5 миллион сомониро ташкил медиҳад. 120 лоиҳаи мақсаднок дастгирӣ ёфтааст ва айни замон мавриди баррасии комиссияи грантӣ қарор дорад»,-иброз дошт корманди Қумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз рӯи таҳлилиҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат, роҳбарони аксар хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон аст, ки онҳо кӯшиш мекунанд, дар самти саноаткунонии мамлакат саҳми назаррас гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки мақсади асосии грантҳо, пеш аз ҳама, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, ҳамзамон зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ, махсусан коргоҳҳои дӯзандагӣ, ҳунармандӣ ва инчунин беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оилаҳо мебошад.
Ин грантҳо бештар дар самти дӯзандагӣ, парандапарварӣ, ҳунармандӣ, адрасу атласбофӣ истифода мешаванд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад






