Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок менамояд

Июль 10, 2024 11:01

ДУШАНБЕ, 10.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 11 июл дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мешавад, ки дар он ҳайати парлумонии мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон бо даъвати Раиси Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко ҷиҳати иштирок дар ин ҷаласа, ки рӯзҳои 10-14 июли соли равон баргузор мегардад, дар Федератсияи Русия қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин дар Анҷумани X парлумонии БРИКС, ки 11-12 июл дар шаҳри Санкт-Петербург, дар шакли нави васеъ бо иштироки роҳбарони парлумонҳои кишварҳои аъзои БРИКС, инчунин намояндагони созмонҳои парлумонии байналмилалӣ ва минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, иштирок менамояд.

Муҳокимаҳо дар анҷумани мазкур ба таҳкими принсипҳои бисёрҷониба дар сиёсати ҷаҳонӣ ва пешбурди манфиатҳои муштараки кишварҳои БРИКС дар майдонҳои байналмилалӣ, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва дар соҳаи гуманитарӣ бахшида мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

Июль 10, 2024 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид