Майдони «Истиқлол»-и Душанбе ба макони писандидаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст

Июль 10, 2024 13:49

ДУШАНБЕ, 10.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 сол қабл, 10 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» оғоз бахшиданд. Баъди 2 сол, 8 сентябри соли 2022 дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» мавриди истифода қарор дода шуд.

Имрӯзҳо Майдони «Истиқлол»-и пойтахт на танҳо макони баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мебошад, балки ба макони писандидаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст. Сайёҳон аввалин сайрро дар Тоҷикистон аз тамошои ин майдон оғоз намуда, ин ҷо барои хотира акс мегиранд. Сокинон аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ба пойтахт маҳз барои тамошои Майдони «Истиқлол» меоянд.

Бояд ёдовар шуд, ки масоҳати умумии Майдони «Истиқлол» 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ташкил медиҳад.

Дар маркази Майдони «Истиқлол» маҷмааи боҳашамати «Манораи Истиқлол» қомат афрохтааст. Аз 121 метр баландӣ иборат будани Маҷмааи «Истиқлол» рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.


Дар қисмати болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи «Истиқлол» тоҷ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштрӯя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.

Ошёнаи якуми маҷмаа аз 7 толори кушоду барҳавои намоишгоҳ, қабули меҳмонони олиқадр ва толори синамои 5D бо 12 ҷойи нишаст иборат мебошад. Дар ошёнаи дуюми Маҷмааи «Истиқлол» Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст. Осорхонаи шаҳри Душанбе аз галерея ва «Тахти тоҷикон» иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад.

Яке аз ҷойҳои ҷолиби Маҷмааи рамзи «Истиқлол» майдони тамошои он мебошад. Он дар ошёнаи 14 дар сатҳи 94 метр ҷойгир аст. Майдони тамошо доирашакл буда, дорои 4 дурбини калонҳаҷм мебошад.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани «Майдони Истиқлол» иброз доштанд, «ҳадаф аз бунёди муҷассамаи «Истиқлол» дар пойтахти Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, таҷассуми рукнҳои муҳимми давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар зеҳну шуури шаҳрвандони мамлакат, хусусан, наврасону ҷавонон тақвият бахшидани андешаи истиқлолу озодӣ мебошад».

 

Таҳияи Зоҳирҷони Тоирзод,
АМИТ «Ховар»

АКС аз АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Июль 10, 2024 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд