Майдони «Истиқлол»-и Душанбе ба макони писандидаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст

Июль 10, 2024 13:49

ДУШАНБЕ, 10.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 сол қабл, 10 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» оғоз бахшиданд. Баъди 2 сол, 8 сентябри соли 2022 дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» мавриди истифода қарор дода шуд.

Имрӯзҳо Майдони «Истиқлол»-и пойтахт на танҳо макони баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мебошад, балки ба макони писандидаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст. Сайёҳон аввалин сайрро дар Тоҷикистон аз тамошои ин майдон оғоз намуда, ин ҷо барои хотира акс мегиранд. Сокинон аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ба пойтахт маҳз барои тамошои Майдони «Истиқлол» меоянд.

Бояд ёдовар шуд, ки масоҳати умумии Майдони «Истиқлол» 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ташкил медиҳад.

Дар маркази Майдони «Истиқлол» маҷмааи боҳашамати «Манораи Истиқлол» қомат афрохтааст. Аз 121 метр баландӣ иборат будани Маҷмааи «Истиқлол» рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.


Дар қисмати болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи «Истиқлол» тоҷ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштрӯя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.

Ошёнаи якуми маҷмаа аз 7 толори кушоду барҳавои намоишгоҳ, қабули меҳмонони олиқадр ва толори синамои 5D бо 12 ҷойи нишаст иборат мебошад. Дар ошёнаи дуюми Маҷмааи «Истиқлол» Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст. Осорхонаи шаҳри Душанбе аз галерея ва «Тахти тоҷикон» иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад.

Яке аз ҷойҳои ҷолиби Маҷмааи рамзи «Истиқлол» майдони тамошои он мебошад. Он дар ошёнаи 14 дар сатҳи 94 метр ҷойгир аст. Майдони тамошо доирашакл буда, дорои 4 дурбини калонҳаҷм мебошад.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани «Майдони Истиқлол» иброз доштанд, «ҳадаф аз бунёди муҷассамаи «Истиқлол» дар пойтахти Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, таҷассуми рукнҳои муҳимми давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар зеҳну шуури шаҳрвандони мамлакат, хусусан, наврасону ҷавонон тақвият бахшидани андешаи истиқлолу озодӣ мебошад».

 

Таҳияи Зоҳирҷони Тоирзод,
АМИТ «Ховар»

АКС аз АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Июль 10, 2024 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб гардид
Дар ноҳияи Данғара вохӯрии масъулин бо сокинон бо усули «Маҳал ба маҳал» ва «Деҳа ба деҳа» баргузор гардид
Имрӯз дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
ҲАР КАС БА ЗАБОНИ ХУД СУХАНДОН ГАРДАД. Китобҳо дар нигоҳ доштани забон нақши аввалияро мебозанд
Дар кӯчаҳои Хоруғ 150 қуттии муосир барои партовҷамъкунӣ гузошта шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
Дар Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд