Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон ва Ташкилоти патентии Авруосиёӣ ҳамкориро тавсеа мебахшанд
ДУШАНБЕ, 13.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Байни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти патентии Авруосиёӣ дар соҳаи ҷустуҷӯи иттилоотӣ ва баррасии аризаҳо барои додани патент ба ихтироъ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии патенту иттилоот хабар доданд.
Инчунин Маркази миллии патенту иттилоот бо Институти ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии моликияти зеҳнии Федератсияи Русия Созишномаи ҳамкории илмӣ-инноватсионӣ ба имзо расонид.
Созишномаҳо дар доираи ҷаласаи 65-уми Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар 44-умин ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ба имзо расиданд.
Дар ҷаласаи Шурои маъмурӣ ҳисоботи солонаи Идораи патентии авруосиёии Ташкилоти патентии Авруосиё дар соли 2023, масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамал оид ба таҷрибаомӯзӣ ва барномаҳои стипендиявии Идораи патентии авруосиёӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид






