Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон ва Ташкилоти патентии Авруосиёӣ ҳамкориро тавсеа мебахшанд

Июль 13, 2024 10:23

ДУШАНБЕ, 13.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Байни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти патентии Авруосиёӣ дар соҳаи ҷустуҷӯи иттилоотӣ ва баррасии аризаҳо барои додани патент ба ихтироъ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии патенту иттилоот хабар доданд.

Инчунин Маркази миллии патенту иттилоот бо Институти ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии моликияти зеҳнии Федератсияи Русия Созишномаи ҳамкории илмӣ-инноватсионӣ ба имзо расонид.

Созишномаҳо дар доираи ҷаласаи 65-уми Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар 44-умин ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ба имзо расиданд.

Дар  ҷаласаи Шурои маъмурӣ  ҳисоботи солонаи Идораи патентии авруосиёии Ташкилоти патентии Авруосиё  дар соли 2023, масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамал оид ба таҷрибаомӯзӣ ва барномаҳои стипендиявии Идораи патентии авруосиёӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

АКС: Муассисаи давлатии  «Маркази миллии патенту иттилоот»

Июль 13, 2024 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд